Таърихи 8-март
Таърихи чашнгирии Рузи байналхалкии занон бо номи зани инкилобчи Клара Сеткина алокаманд аст. У дар конфронси байналхалкии занхо, соли 1910 дар шахри Копенгагени Дания пешниход намуд, ки хамасола 8 март хамчун рузи таваллуди пролетариати занхо кайд карда шавад. Дар атрофи пешниход акидахои гуногун мавчуданд. Мувофики акидаи мавчуда ин чашн хамчун рузи мубориза барои хукуки зан пайдо шудааст. 8 марти соли 1857 коргарзанони корхонахои либосдузи ва пойафзолдузии шахри Ню Йорки ИМА барои паст будани музди кор ва номусоидии шароити кори дар кучахо ба рохпаймои баромаданд. Онхо талаби рузи кори дахсоата , коргоххои равшану бархаво ва музди кории баробар бо мардонро намуданд. Чанде аз таърихнигорон бошанд, сабаби дигари динии пайдо шудани чашни 8 мартро мегуянд, ки ин марбут ба миллати Клара Сеткина аст. Клара Сеткина яхудитабор буд. Соли 1910 Клара Сеткина тамоми занхои дунеро барои баробархукукии даъват намуд. Ба ин даъвати у занхои бисере аз мамлакатхои чахон хамовоз шуданд ва аввалин маротиба соли 1911 ин ид 19 март дар Австрия, Дания, Олмон ва Швейтсария чашн гирифта шуд. Дар Русия чашн гирифтани Рузи байналхалкии занон аз соли 1913 огоз гардид. Ин идро ба Русия бонуе бо номи Александра Крллотайовард. Рузи байналхалкии занон аз аввали пайдоиши Хокимияти Шурави хамчун чашни давлати кайд карда мешуд. Он аз соли 1963 инчониб рузи истирохати аст.
Агар зан нест Дуне нотамом аст…Танхо зане, ки озор намерасонад, модар аст.
***